Аз 26 то 28 июни соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург XII Форуми байналмилалии ҳуқуқии Петербург доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Форуми мазкур Прокурори генералӣ, Вазири адлия, раиси Суди Олии иқтисодӣ ва як қатор сардорони раёсатҳои сохторҳои давлатӣ, муаррифӣ карданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои пленарӣ ва панелии Форум байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург фаъолона ширкат намуда, дар ҳошияи он мулоқоту вохӯриҳои судманд бо иштирокчиёни он доир намуданд.