9-уми декабри соли ҷорӣ бори навбатӣ кормандони масъули Консулгарии генералӣ ҳамроҳ бо ҳамватанони фаъол ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ №1 (машҳур бо исми Боздоштгоҳи Красное село) ташриф оварда, бо роҳбарияти марказ ва шаҳрвандони тоҷикистонии боздоштшуда вохӯрӣ намуда, аз шарту шароити будубоши онҳо дидан намуданд.
Ба шаҳрвандон оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, оқибатҳои вайрон намудани он ва тартиби баррасии парвандаҳои ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомоти судӣ, фаҳмонда шуд. Инчунин, ба иттилои шаҳрвандон расонида шуд, ки муассисаи консулӣ аз аҳволи нафарони дастгир шуда, фавран хабардор мегардад ва барои бозгардонидани онҳо ба Ватан ҳаррӯза чораандешӣ менамояд.
Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ба шаҳрвандон меваю сабзавот, шириноҳо ва маводҳои беҳдоштӣ расонида шуд.