27-28 январи соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бахшида ба 81-солагии озодкунии пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ маросимҳои ёдбуд ва гулчанбаргузорӣ доир гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур кормандони Консулгарии генералӣ иштирок намуда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд дар назди оромгоҳи ёдгории Пискарёв ва маҷмааи ёдгории ноҳияи Гатчина гулчанбар гузоштанд.