Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

on 13 феврали 2025
Назарҳо: 68

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия таҳсил, зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд, расонида мешавад, ки рӯзи 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба ин муносибат дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург санаи 2 март аз соати 06:00 то 20:00 овоздиҳӣ ташкил хоҳад шуд.

Аз ҳама шаҳрвандони кишвар, ки дар минтақаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия будубош менамоянд, даъват ба амал оварда мешавад, то дар ин маъракаи сиёсии ҷумҳурӣ иштироки фаъол намоянд.

Доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳатмист!

Макон: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург

Суроға: кучаи Черняховского 63-65, литер А

Телефон барои тамос: 8 (812) 416 63 83