2 марти соли 2025, соати 06:00 бо вақти маҳаллӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуд.
Дар ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар шаҳрвандоне, ки дар минтақаи Федеролии Шимолу-Ғарбӣ Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, иштирок намуда истодаанд.
Кори ҳавзаи интихоботӣ то 18:00 бо вақти маҳаллӣ идома меёбад.