21 марти соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷашни Наврӯз бо иштироки намояндагони ҳукумати давлати иқомат, корпуси дипломатӣ, шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик дар ш.Санкт-Петербург ва донишҷуён ҷашн гирифта шуд.
Аз ҷониби Консулгарии генералӣ гушаи Тоҷикистон омода гардид, ки дар он маводҳои фарҳангӣ ва таърихии кишвар, инчунин либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.