Вохӯрӣ бо намояндагони вилояти Ленинград

on 03 октябри 2025
Назарҳо: 100

Санаи 2 октябри соли 2025 вохӯрии кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони Ҳукумати вилояти Ленинград, маркази тараққиёти саноатӣ, кумитаи робитаҳои беруна ва доираи васеи соҳибкорону ширкатҳои бонуфузи вилояти мазкур сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ масъалаи ифтитоҳи намоишгоҳи доимамалкунандаи  молу маҳсулоти вилояти Ленинград дар вилояти Хатлон матраҳ гардид.  

2