18.10.2025 соли ҷорӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург вохӯрии корӣ баргузор гардид. Намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.
Мақсади асосии мулоқот муҳокимаи чораҳо оид ба таҳкими шарикӣ ва ҳамкорӣ дар самти пешгирии тамоюлҳои манфӣ миёни ҳамватанони дар Россия кору фаъолият дошта равона шуда буд. Масъалаи меҳварии вохӯрӣ ин огоҳ намудани насли ҷавон ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва маънавии онҳо буд.
Иштирокчиён ба идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои лозимӣ ва саривақтӣ, ки ба беҳтар кардани ҳаети ҷомеъа равона шудаанд, изҳори ҳавасмандии тарафайн карданд.
