23 октябри соли 2025, бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия бепарастор монда буданд, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимиашон ба Ватан баргардонида шуданд.