Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар вилояти Новгород

on 01 ноябри 2025
Назарҳо: 21

30 октябри соли ҷорӣ вохӯрии кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Новгород ба номи Ярослав Мудрий баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳсили ҳамватанон, риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ ва эҳтироми фарҳанги кишвари иқомат, инчунин пешгирӣ намудан аз зуҳуротҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мушкилоти донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

2

3