Вохӯрӣ бо роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар ш.Санкт-Петербург

on 28 ноябри 2025
Назарҳо: 22

27 ноябри соли ҷорӣ дар бинои намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар ш.Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Шерали Хуршед бо роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсия Россия Полетаев Максим Геннадевич баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург ибрози назар намуданд.

2

3