6 декабри соли 2025 дар бинои Консулгарии генералӣ мулоқоти Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Шералӣ Хуршед бо намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик дар шаҳри
Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои дастгирии ҳамватанон, риояи қонунҳои кишвари иқомат, нақшаҳои рушди ташаббусҳои фарҳангию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.

