Вохӯрӣ бо роҳбари Кумитаи муносибатҳои берунаи шаҳри Санкт-Петербург

on 18 декабри 2025
Назарҳо: 62

17 декабри соли ҷорӣ вохӯрии Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Шерали Хуршед бо роҳбари Кумитаи робитаҳои берунаи шаҳри Санкт-Петербург Григорев Евгений Дмитриевич баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар самтҳо ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербургро муҳокима намуданд.

Дар фарҷом роҳбари Кумита – Григорев Е.Д. ба Консули генералӣ – Шерали Хуршед дар амали намудани рисолати дипломатиаш муваффақият таманно намуд.