Дар арафаи Соли нави мелодии 2026 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Шералӣ Хуршед ба муассисаи давлатии буҷавии иҷтимоии паноҳгоҳи кӯдакон «Транзит»-и шаҳри Санкт-Петербург ташриф оварда, бо шарту шароити нигоҳдории кӯдакон шинос шуданд. Инчунин аз ҷониби намояндагӣ ба тифлони дар онҷо қарордошта туҳфаҳои соли навӣ тақдим карда шуд.
