27 январи соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бахшида ба 82-мин солгарди озодкунии пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ, маросимҳои ёдбуд ва гулчанбаргузорӣ доир гардид, ки дар он кормандони Консулгарии генералӣ иштирок намуданд.
Ба поси хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро дар озодкунии Ленинград аз муҳосира нисор кардаанд дар назди оромгоҳи ёдгории Пискарёв ва маҷмааи ёдгории ноҳияи Гатчина гулчанбар гузошта шуд.

