Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Губернатори Санкт-Петербург

on 12 март 2026
Назарҳо: 101

11 марти соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори ш. Санкт-Петербург Александр Беглов мулоқот баргузор намуд.

Дар рафти мулоқот сафири Тоҷикистон аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро барои тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, махсусан дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ таъкид кард. Дар ин раванд густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ низ муҳим арзёби гардид.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хуршед Шералӣ муаррифӣ гардид.

2

3

4

5