11 марти соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳолати кунонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ленинград мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳавасманди худро барои таҳким ва татбиқи санадҳои имзошуда байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ленинград иброз намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот консули Генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хуршед Шералӣ муаррифӣ гардид.


