Вохӯрии Сафир бо донишҷӯён

on 13 март 2026
Назарҳо: 95

12 марти соли 2026 роҳбари Намояндагии дипломатӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.

Зимни вохӯри сафир дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост шуд.

Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид намудан.

Ҳамзамон, сафир ба донишҷӯён доир ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд. Дар баробари ин эҳтиром гузоштан дар расму оин ва риояи қонунгузории кишвар иқоматро аз ҷониби онҳо муҳим дониста шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуданд, ки ба онҳо посухҳо дода шуд.

2

3

4

5

6

7

8

9