8 апрели соли 2026 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри
Санкт-Петербург Шералӣ Хуршед ба вилояти Калинингради Федератсияи Россия, ки яке аз минтақаҳои ҳавзаи консулӣ мебошад, сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари корӣ бо роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Калининград Белов Сергей Александрович мулоқот доир гардид. Зимни вохӯрӣ оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Калинингради Федератсияи Россия табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон бо ҳамватаноне, ки дар минтақаи мазкур зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд вохӯрӣ баргузор гардид.


