20-22 майи соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербург ташриф оварданд.
Дар доираи сафари корӣ Файзалӣ Идизода дар бинои Консулгарии генералӣ бо намояндагони диаспора ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кору таҳсил доранд, мулоқот намуда, доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва музаффариятҳои заҳматкашони кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин маълумот дод.

