Иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ

on 21 июни 2026
Назарҳо: 67

18 июни соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Дар конфронс ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории байналмиллалӣ дар самти робитаҳои фарҳангӣ баррасӣ гардида, ба масъалаҳои ҳифзи мероси муштараки таърихӣ, тақвияти робитаҳои башардӯстона, тавсеаи муколамаи байнидавлатӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.