8 июли соли 2026 бинои Ҳукумати вилояти Ленинград вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Шералӣ Хуршед бо роҳбари Кумитаи робитаҳои берунаи вилояти Ленинград Анастасия Михалченко баргузор гардид.
Зимни мулоқот вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурномои рушди минбаъдаи онҳо баррасӣ гардид.
Дар фарҷом аз ҷониби Ҳукумати вилояти Ленинград беш аз 1500 адад китоб барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Қобили қайд аст, ки тақдими китобҳои мазкур дар рафти вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид бо Губернатори минтақа Дрозденко А.Ю. баррасӣ шуда буд.
