КОНСУЛГАРИИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Мулоқот бо Сафири Британияи Кабир

on 06 феврали 2018
Назарҳо: 1557

6 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпоттро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Британияи Кабир мубодилаи афкор намуданд.