КОНСУЛГАРИИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

17 март бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар Хонаи ҷавонон барномаи фарҳангию фароғатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

14 марти соли 2023 дар шаҳраки Сосновий Бори вилояти Ленинград вохӯрии Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ бо соҳибкорони фаъол, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики минтақаи мазкур баргузор гардид.

Моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ҷамъиятии тоҷикони «Аҷам» дар Маркази боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург чорабинии хайриявӣ баргузор гардид.

01 марти соли ҷорӣ бахшида ба гиромидошти ҳамватани тоҷик Қаҳрамони Иттифоқи Совети Туйчи Эрҷигитов дар шаҳри Любан бозии дӯстонаи футбол миёни кормандони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҳокимияти шаҳри Любани вилояти Ленинград дар клуби фитнес-саломатии «Пенедельник 94» баргузор гардид.

26 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Консулгарии генералӣ дар Осорхонаи этнографии шаҳри Санкт-Петербург бо ҳадафи тарғиби тамаддун, анъана ва ҳунарҳои мардуми ҳалқи тоҷик чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонии "Тоҷикистон дӯстонро интизор!" бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз ниҳодҳои давлатии маҳалли иқомат, намояндагони диаспораи тоҷикон, шаҳрвандони бурунмарзӣ, донишҷӯёни тоҷики ташкилоти “МОСТ” ва наврасону руси макотибҳои таҳсилоти миёна, инчунин шахсони маъюби Маркази рушди “АНИМА” баргузор гардид.