Ҳамаи хабарҳо

on 28 ноябри 2025
Назарҳо: 22

27 ноябри соли ҷорӣ дар бинои намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар ш.Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Шерали Хуршед бо роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсия Россия Полетаев Максим Геннадевич баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург ибрози назар намуданд.

2

3

 

on 01 ноябри 2025
Назарҳо: 54

30 октябри соли ҷорӣ вохӯрии кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Новгород ба номи Ярослав Мудрий баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳсили ҳамватанон, риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ ва эҳтироми фарҳанги кишвари иқомат, инчунин пешгирӣ намудан аз зуҳуротҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мушкилоти донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

2

3

 

on 27 октябри 2025
Назарҳо: 63

23 октябри соли 2025, бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия бепарастор монда буданд, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимиашон ба Ватан баргардонида шуданд. 

on 23 октябри 2025
Назарҳо: 75

18.10.2025 соли ҷорӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург вохӯрии корӣ баргузор гардид. Намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Мақсади асосии мулоқот муҳокимаи чораҳо оид ба таҳкими шарикӣ ва ҳамкорӣ дар самти пешгирии тамоюлҳои манфӣ миёни ҳамватанони дар Россия кору фаъолият дошта равона шуда буд. Масъалаи меҳварии вохӯрӣ ин огоҳ намудани насли ҷавон ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва маънавии онҳо буд.

 Иштирокчиён ба идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои лозимӣ ва саривақтӣ, ки ба беҳтар кардани ҳаети ҷомеъа равона шудаанд, изҳори ҳавасмандии тарафайн карданд.

2

 

on 03 октябри 2025
Назарҳо: 99

Санаи 2 октябри соли 2025 вохӯрии кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони Ҳукумати вилояти Ленинград, маркази тараққиёти саноатӣ, кумитаи робитаҳои беруна ва доираи васеи соҳибкорону ширкатҳои бонуфузи вилояти мазкур сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ масъалаи ифтитоҳи намоишгоҳи доимамалкунандаи  молу маҳсулоти вилояти Ленинград дар вилояти Хатлон матраҳ гардид.  

2

 

on 03 сентябри 2025
Назарҳо: 159

Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) Созишнома оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба имзо расид. 

22

 

on 22 августи 2025
Назарҳо: 181

9 августи соли 2025, бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия 3 нафар шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия бепарастор монда буданд, тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимиашон ба Ватан баргардонида шуданд. 

on 01 майи 2025
Назарҳо: 339

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» 11-14 июни соли 2025 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж Конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба бузугдошти 700-солагии Ҳифизи Шерозӣ таҳти унвони «700 сол бо Щофиз» баргузор мегардад.

Ҳадафи аз баргузории конфронси мазкур омӯзиши амиқи осори нотакрори Ҳофизи Шерозӣ ва эътирофи арзиши воқеии саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.

on 29 апрели 2025
Назарҳо: 310

Консулгарии генералии Чумхурии Точикистон дар ш. Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки  тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.

Консулгарии генералӣ ба иттилои шаҳрванд мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Шимолу-Ғарби Федератсияи Россия Ҷонмаҳмадов Фурузон тариқи рақамҳои +79779632569 муроҷиат намоянд.

on 27 март 2025
Назарҳо: 392

21 марти соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷашни Наврӯз бо иштироки намояндагони ҳукумати давлати иқомат, корпуси дипломатӣ, шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик дар ш.Санкт-Петербург ва донишҷуён ҷашн гирифта шуд.

Аз ҷониби Консулгарии генералӣ гушаи Тоҷикистон омода гардид, ки дар он маводҳои фарҳангӣ ва таърихии кишвар, инчунин либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

2

3

4

 

on 02 март 2025
Назарҳо: 339

2 марти соли 2025, соати 06:00 бо вақти маҳаллӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуд.

Дар ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар шаҳрвандоне, ки дар минтақаи Федеролии Шимолу-Ғарбӣ Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, иштирок намуда истодаанд.

Кори ҳавзаи интихоботӣ то 18:00 бо вақти маҳаллӣ идома меёбад.

2

3

4

5

6

 

on 22 феврали 2025
Назарҳо: 349

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Калинингради Федератсияи Россия бо роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ ФР дар в.Калининград мулоқоти судманд анҷом дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, инчунин риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сипас бо донишҷӯён, намоядагони диаспораи тоҷик ва фаъолони минтақа суҳбат ороста шуд.

2

3

4

5

6

 

on 13 феврали 2025
Назарҳо: 347

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия таҳсил, зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд, расонида мешавад, ки рӯзи 2 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба ин муносибат дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург санаи 2 март аз соати 06:00 то 20:00 овоздиҳӣ ташкил хоҳад шуд.

Аз ҳама шаҳрвандони кишвар, ки дар минтақаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия будубош менамоянд, даъват ба амал оварда мешавад, то дар ин маъракаи сиёсии ҷумҳурӣ иштироки фаъол намоянд.

Доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳатмист!

Макон: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург

Суроға: кучаи Черняховского 63-65, литер А

Телефон барои тамос: 8 (812) 416 63 83

on 13 феврали 2025
Назарҳо: 245

Бо ташаббуси муовини роҳбари Котиботи Шӯрои Ассамблеияи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораи тоҷик дар ш.Санкт-Петербург, роҳбарони ҷамъитҳо ва шаҳрвандони фаъол вохӯрӣ доир гардид.    

Дар вохӯрӣ доир ба рафти омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, ки 2 марти соли ҷорӣ дар назар аст мубодилаи афкор сурат гирифт.

2

3

4

 

 

on 31 январи 2025
Назарҳо: 319

Дар Ҳукумати вилояти Ленингради Федератсияи Россия вохӯрӣ бо роҳбари Кумитаи робитаҳои берунаи вилояти Ленинград Коновалов О.А. доир гардид.

Дар зимн ҷонибҳо ҳолат ва дурнамаи рушди робитаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи тавсеи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сайёҳӣ мароқ зоҳир карданд.

Ҳамчунин дигар масоилҳо мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт. 

2

 

on 29 январи 2025
Назарҳо: 288

27-28 январи соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бахшида ба 81-солагии озодкунии пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ маросимҳои ёдбуд ва гулчанбаргузорӣ доир гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур кормандони Консулгарии генералӣ иштирок намуда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд дар назди оромгоҳи ёдгории Пискарёв ва маҷмааи ёдгории ноҳияи Гатчина гулчанбар гузоштанд.    

2

3

4

5

 

on 30 декабри 2024
Назарҳо: 332

Дар арафаи Соли нави мелодии 2025 кормандони Консулгарии генералӣ ба муассисаи давлатии буҷавии иҷтимоии паноҳгоҳи кӯдакон «Транзит»-и шаҳри Санкт-Петербург ташриф оварда, ба тифлони дар онҷо қарордошта туҳфаҳои соли навӣ тақдим карданд.

2

3

 

 

on 28 декабри 2024
Назарҳо: 244

28 декабри соли 2024 кормандони Консулгарии генералӣ дастаҷамъона пахши мустақими телевизионии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.

2

3

 

 

 

on 16 декабри 2024
Назарҳо: 347

Кормандони Консулгарии генералӣ бори навбатӣ ба муассисаи иҷтимоии паноҳгоҳи кӯдакон «Транзит» ташриф оварда, бо роҳбарияти муассисаи мазкур доир ба шароити нигоҳдории кудакон суҳбат намуданд.        

2

3

 

on 10 декабри 2024
Назарҳо: 209

9-уми декабри соли ҷорӣ бори навбатӣ кормандони масъули Консулгарии генералӣ ҳамроҳ бо ҳамватанони фаъол ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ №1 (машҳур бо исми Боздоштгоҳи Красное село) ташриф оварда, бо роҳбарияти марказ ва шаҳрвандони тоҷикистонии боздоштшуда вохӯрӣ намуда, аз шарту шароити будубоши онҳо дидан намуданд.

on 19 ноябри 2024
Назарҳо: 281

15 ноябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи давлатии ёдгории мудофиа ва муҳосираи Ленинград бахшида ба 80-солагии озодшавии пурраи Ленинград аз асорати фашистӣ чорабинии фарҳангию маърифатӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар дифои Ленинград» баргузор гардид.

on 21 октябри 2024
Назарҳо: 310

Ҳайати вилояти Ленингради Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Ҳукумати вилоят Роман Марков ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуда, дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон Инвест” ширкат намуданд.     

on 17 октябри 2024
Назарҳо: 299

Дар доираи сафари кории ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазир Абдураҳмон Аламшозода ва консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ бо ҳамватанон дар бозори савдои чаканаи «Софийский» мулоқот гузарониданд.    

2

3

4

 

on 11 октябри 2024
Назарҳо: 327

11 октябри соли 2024 дар Ҳукумати вилояти Ленингради Федератсияи Россия вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо муовини якуми Сарвазири вилоят Марков Р.И. доир гардид.

on 10 октябри 2024
Назарҳо: 273

08 октябри соли 2024 дар бинои Консулгарии генералӣ мулоқоти муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо шаҳрвандони бурунмарзии муқими шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

on 09 октябри 2024
Назарҳо: 253

08 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хомидҷон Назарӣ дар якҷоягӣ бо сардори раёсати Вазорати коҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухоризода Мансур ба Муассисаи таълимии касбии давлатии Санкт-Петербург «Коллеҷи захираҳои обӣ» сафар намуда, бо роҳбарият ва донишҷӯёни тоҷик оид ба рафти таҳсил, риояи қонунҳои давлати иқомат суҳбат анҷом доданд.

2

3

4

 

on 09 сентябри 2024
Назарҳо: 359

Ҳамватанони гиромиқадр,

Консулгарии генералӣ шуморо бо муносибати 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, бароятон хонаи обод, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва иқболи баландро орзу менамояд.

Бигзор таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии мо бошад!

on 03 сентябри 2024
Назарҳо: 370

1 сентябри соли 2024 кормандони Консулгарии генералӣ пахши мустақими телевизионии суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба рузи Дониш дастаҷамъона дидан карданд.

2

3

4

 

on 29 августи 2024
Назарҳо: 367

28 августи соли равон Консулгарии генералӣ дар намоишгоҳи 33-юми байналмилалии агросаноатии «Агрорус-2024», ки дар маркази намоишгоҳи «Экспофорум»-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд.

on 12 августи 2024
Назарҳо: 373

9 августи соли ҷорӣ кормандони Консулгарии генералӣ ба муассисаи иҷтимоии паноҳгоҳи кӯдакон «Транзит» ташриф оварда, бо шарту шароити нигаҳдории кӯдакон шинос шуданд.   

2

3

 

on 29 июли 2024
Назарҳо: 454

Ба хотири анҷом ёфтани соли хониши 2024, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо донишҷӯёни ҳавзаи консулӣ вохӯрӣ анҷом дода, ба донишҷӯёни фаъол Ифтихорнома тақдим намуд.

Solicitar préstamos sin intereses es una oportunidad única para nuevos clientes. Así puedes probar el servicio sin preocuparte por cargos adicionales. Es una opción ideal para financiar pequeños gastos.

 

2

 

on 22 июли 2024
Назарҳо: 362

18 июли соли 2024 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо роҳбари Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Псков Палагин Александр Николаевич ва шаҳрвандони боздоштшуда, баргузор гардид.     

on 12 июли 2024
Назарҳо: 326

11-12 июл ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони МО Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои бисёрҷониба ва дуҷониба ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои пленарии анҷуман ширкат варзида, бо намояндагони расмии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳиндустон мулоқотҳо анҷом доданд.

2

 

on 28 июни 2024
Назарҳо: 872

Аз 26 то 28 июни соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург XII Форуми байналмилалии ҳуқуқии Петербург доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Форуми мазкур Прокурори генералӣ, Вазири адлия, раиси Суди Олии иқтисодӣ ва як қатор   сардорони раёсатҳои сохторҳои давлатӣ, муаррифӣ карданд.      

on 09 июни 2024
Назарҳо: 464

Аз 5 то 8 июни соли 2024 Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Форуми мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо ҳамроҳии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатӣ ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, муаррифӣ карданд.      

on 31 майи 2024
Назарҳо: 512

Бо мақсади муаррифии адабиёт ва забони тоҷик дар китобхонаи миллии Россия, ки дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад маросими тақдими китобҳо баргузор гардид.     

on 28 майи 2024
Назарҳо: 459

26 майи соли ҷорӣ дар толори консертӣ, воқеъ дар кучаи «Обуховской обороны» бо иштироки донишҷӯён ва ҷавонони тоҷики шаҳри Санкт-Петербург «Рӯзи ҷавонон» ва хатми соли таҳсил ҷашн гирифта шуд.

2

3

 

on 17 майи 2024
Назарҳо: 479

16 майи соли 2024 вохӯрӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдори давлатию хусусии фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Санкт-Петербург “Пулково” доир гардид.

Дар зимн ҷонибҳо ҳолат ва дурнамаи рушди робитаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи тавсеи бештари ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон, расмиётҳои марзию гумрукӣ мароқ зоҳир карданд.

on 10 майи 2024
Назарҳо: 500

Консулгарии генералӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дар якҷоягӣ бо шаҳрвандони Россия дар таҷлили 79-мин солгарди «Рӯзи Ғалаба» иштирок намуда, ба пояи нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди советӣ Туйчи Эрҷигитов (шаҳраки Тосно) ва муҷассамаи «Пискорёвское мемориальное кладбище» гулчанбар гузоштанд.

on 06 майи 2024
Назарҳо: 414

Дар корхонаи истеҳсоли метали “Промех”-и шаҳраки Сосновий бор мулоқоти кормандони Консулгарии генералӣ, намояндаи вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва роҳбари Шурои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷики шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо ҳамватанон баргузор гардид.

2

3

 

De lijst van TOP online casino laat zien welke aanbieders zich onderscheiden door kwaliteit, veiligheid en klanttevredenheid. Deze platforms bieden aantrekkelijke bonussen, snelle uitbetalingen en een veelzijdig spelaanbod, zodat spelers de beste ervaring krijgen.

on 25 апрели 2024
Назарҳо: 547

20-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои “Хонаи миллатҳо” Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз ниҳодои давлатии маҳалли иқомат, аҳли илму адаб, намондагони диаспораҳоии тоҷикон, шаҳрвандони бурунмарзӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.

on 11 апрели 2024
Назарҳо: 492

Аз 3 то 9 апрели соли 2024 дар «Театр-фестивали «Балтийский Дом» дар шаҳри Санкт-Петербург XXVI-мин Фестивали театрҳои руси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин фестивал Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский муаррифӣ карда, бо намоиши пиесаи драмотурги фаронсавӣ Молер «Тартюф» ҳозиринро шод гардонд.

2 3

3

 

on 04 апрели 2024
Назарҳо: 522

Дар шаҳри Санкт-Петербург бо дастгирии маҷаллаи «Индустрия Туризма и Культуры» ва сомонаи «Клуб Приключений» як силсила мақолаҳо оид ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвонии «20 мавзеи сайёҳии Тоҷикистон» ба нашр расид.     

Пайванд: https://www.vpoxod.ru/page/toponym/tadzhikistan_info

on 23 март 2024
Назарҳо: 504

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Мо ин кирдори зӯроварии ғайрииинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

on 23 март 2024
Назарҳо: 479

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити дар ш. Москваи Федератсияи Русияро қотеона маҳкум мекунем.

Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем.

on 21 март 2024
Назарҳо: 454

Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба иди Наврӯзи хуҷастапай, оини бостонии ниёгон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Барои таҷлили он меҳмонони маҳалли иқомат, корпуси консулӣ, ҳамватанон ва донишҷӯён даъват гардиданд. Меҳмонон аз намоиши рамзҳои Наврӯзи баҳори дилафрӯз, дастархони миллӣ ва рақсу сурудҳои тоҷикӣ аз наздик ошно шуданд.

on 14 март 2024
Назарҳо: 518

Барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноати дорусозӣ бо минтақаҳои шимолу ғарбии Россия 14 марти соли 2024 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо роҳбари ширкати дорусозӣ «MELIGEN» Платонова И.Г. баргузор гардид.

on 07 март 2024
Назарҳо: 498

6-уми марти соли 2024 дар маркази фурӯши яклухти маҳсулотҳои кишоварзии “Софийский” вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ бо соҳибкорони фаъол, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики минтақаи мазкур баргузор гардид.

on 21 феврали 2024
Назарҳо: 839

20 феврали соли 2024 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қасри Таврический дар ҳошияи VIII-мин Форуми байналмилалии меҳнати Санкт-Петербург Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Консепсияи фазои ягонаи муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ: принсипҳои умумӣ ва манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид.

on 02 феврали 2024
Назарҳо: 393

1 феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии автономии фарҳангии вилояти Ленинград "Маркази байналмилалии барқарорсозӣ" вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо  роҳбари марказ Черняева Т.С. доир гардид. Инчунин, дар мулоқот сардори Кумитаи робитаҳои берунаи вилояти Ленинград Коновалов О.А. ва муовини сардори Кумита оид ба муҳофизати мероси фарҳангии вилояти Ленинград Губинская К.Ю. ширкат варзиданд.

on 29 январи 2024
Назарҳо: 437

26 январи соли 2024 дар Осорхонаи таърихи сиёсии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия намоиши муштараки «Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озодшавии шаҳри Ленинград аз блокада» баргузор гардид. Дар чорабини директори муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Осорхонаи таърихи сиёсии Санкт-Петербург, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург, Намояндаи Губернатор, раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷират ва роҳбарони дигар идораҳои илмӣ, талабаҳо иштирок намуданд.

on 25 январи 2024
Назарҳо: 378

24 январи соли 2024 дар Ҳукумати вилояти Ленингради Федератсияи Россия вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо роҳбари Кумитаи робитаҳои берунаи вилояти Ленинград Коновалов О.А. доир гардид.

on 20 январи 2024
Назарҳо: 384

18-19 январи соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург Конфронси навбатии роҳбарони Ассосиатсияи «Бонувони тоҷир» дар мавзӯи «Бонувони тоҷир: дурнамо дар соли 2024. Вазифаи бонувон дар тиҷорат» бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз сохторҳои давлатию хусусӣ, аҳли илму адаб ва фарҳанг, баргузор гардид.

on 10 январи 2024
Назарҳо: 375

9 январи соли 2024 вохурии Консули генералӣ – Хомидҷон Назарӣ бо донишҷуёни тоҷики ҷамъияти ҷавонони «МОСТ» баргузор гардид. Дар мулоқот доир ба рафти таҳсили донишҷуён, ҷалби бештар ва иштироки онҳо дар маъракаҳои фарҳангӣ ва муҳокимаи нақшаҳои пешбинишуда дар минтақаи иқомат баррасӣ шуданд.2

 

on 29 декабри 2023
Назарҳо: 369

28 декабри соли 2022 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург пахши мустақими телевизионии паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

on 27 декабри 2023
Назарҳо: 383

25-26 декабри соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар форуми ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба шаҳри Санкт-Петербург ташриф овард.    

2

3

 

on 04 декабри 2023
Назарҳо: 400

 Аз 2 то 4 декабри соли ҷорӣ ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади анҷом додани мулоқотҳои судманд бо соҳибкорони минтақа ба Санкт-Петербург сафари корӣ анҷом доданд.

on 01 декабри 2023
Назарҳо: 439

28 ноябри соли равон дар Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия мулоқоти корӣ байни роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо кормандони муассисаҳои консулии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

on 20 ноябри 2023
Назарҳо: 586

16-18 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия lX Форуми байналмилалии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанги мамлакат иштирок намуданд.

on 10 ноябри 2023
Назарҳо: 435

9 ноябри соли 2023 барои ташвиқу тарғиби соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои муассисаи консулӣ дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералӣ Ҳ.Назарӣ бо хабарнигорон ва блогерони ҳавзаи мавриди масъулият, баргузор гардид.

on 07 ноябри 2023
Назарҳо: 480

Дар доираи ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Консулгарии генералӣ вохӯрӣ бо намояндагони Шурои ҳамоҳангсози диаспораи тоҷик баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҷеъ ба муҳимияти Конститутсия дар рушди кишвар, раванди демократикунонӣ ва ҳуқуқбунёдии ҷомеа матраҳ карда шуд.

on 30 октябри 2023
Назарҳо: 389

Моҳи октябри соли ҷорӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хомидҷон Назарӣ бо даъвати Китобхонаи миллии Россия дар мизи мудаввар, доир ба мавзуи «Забони русӣ – забони муошират байни миллатҳо» иштирок намуда, аз ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи фарҳанг, забон ва маориф сухан кард.

44444

on 20 октябри 2023
Назарҳо: 438

18-19 октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Санкт-Петербург машваратҳои коршиносон бо иштироки доираи васеи мутахассисон аз кишварҳои аъзо баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа вакили Маҷлиси миллӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва масъулни муассисаи консулӣ муаррифӣ намуда, дар корӣ он ширкат варзиданд.

on 12 октябри 2023
Назарҳо: 416

11 октябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хомидҷон Назарӣ дар якҷоягӣ бо роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораи тоҷик Бердов Фарҳод аз Муассисаи таълимии касбии буҷетии давлатии Санкт-Петербург «Коллеҷи захираҳои обӣ» дидан намуданд.

on 09 октябри 2023
Назарҳо: 455

06 октябри соли 2023 консерти тантанавӣ бахшида ба 32-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии «Московский» бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ доираи васеи масъулони Ҳукумати Санкт-Петербург, Вазорати корҳои хориҷӣ, корпуси дипломатӣ, ҳамватанон ва донишҷуён ширкат варзиданд. Ҳунармандон барои ҳозирин шеъру таронаҳои дилписанди тоҷик ва русро пешниҳод намуданд.

2

3

4

 

 

on 09 октябри 2023
Назарҳо: 461

Сентябри соли ҷорӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки диаспораи тоҷик, донишҷуён ва дигар шаҳрвандони кишвар ҷашн гирифта шуд. Дар сухани ифтитоҳи худ Консули генералӣ меҳмононро бо ин ҷашн табрик намуда, ба ҳозирин доир ба дастовардҳои кишвар дар солҳои Истиқлолият маълумот манзур намуд.

2

3

4

 

on 30 сентябри 2023
Назарҳо: 412

27 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии кормандони масъули Консулгарии генералӣ бо муовини Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Псков Исаков Виктор Василевич ва шаҳрвандони боздоштшуда, баргузор гардид.     

on 26 сентябри 2023
Назарҳо: 450

21-24 сентябр бо мақсади мустаҳкам кардани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиву маорифӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Калининград, сафари кории Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшо ба ин минтақа аҷом дода шуд. Дар рафти сафар мулоқотҳои ҳайат бо Губернатори вилояти Калининград Алиханов А.А., Раиси шаҳр хонум Дятлова Е.И., Раиси палатаи савдо ва саноати вилоят Лапин Ф.Ф., шаҳрвандон ва донишҷуёни Тоҷикистон, Ректори филиали донишгоҳи «РАНХиГС» академик Плюхин М. баргузор гардид.

2

 

on 14 сентябри 2023
Назарҳо: 482

13 сентябри соли ҷорӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ. Назарӣ дар 2-мин Форуми байналмилалии динӣ бахшида ба нақши арзишҳои маънавию ахлоқии динҳои анъанавӣ, рушди муколлама байни динҳо ва миллатҳо дар ҷаҳони муосир иштирок намуд.  

on 05 сентябри 2023
Назарҳо: 353

30 августи соли ҷорӣ вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик ва ҳамаҳангсозони минтақавии он, соҳибкорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

on 29 августи 2023
Назарҳо: 389

Ҳайати киноматаграфистони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар IV Фестивали байналмилалии филмҳои бадеӣ ва мустанади Россия ва кишварҳои хориҷии наздик ба шаҳри Санкт-Петербург ташриф оварданд. Дар фестивал ду филми коргардонҳои ҷавони тоҷик бо номи «Дов» ва «Тоҷикон пайравони ҳақиқат» муаррифи гардиданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштироккунандагон бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ карда шуданд. 

2

3

4

 

on 14 августи 2023
Назарҳо: 456

9 августи соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони кумитаҳои равобити байни миллатҳо, сиёсати ҷавонон, муносибатҳои беруна ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот анҷом дод.

Een veelgekozen optie is Cialis kopen online in Nederland. Dit product staat bekend om zijn langdurige werking en gebruiksgemak. Dankzij de eenvoudige bestelprocedure en discrete levering wordt het steeds vaker gekozen door klanten die waarde hechten aan gemak en privacy.

on 11 августи 2023
Назарҳо: 420

8 августи соли 2023 дар доираи сафари худ ба шаҳри Санкт-Петербург ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва ҳамватанони Тоҷикистон вохӯрӣ багузор намуд.

on 09 августи 2023
Назарҳо: 484

7 августи соли ҷорӣ дар бинои намояндагии дипломатӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Латифзода Асрор – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Консули генералӣ ва ҳайати кормандони намояндагӣ баргузор гардид.

on 19 июли 2023
Назарҳо: 457

Дар қароргоҳи Маркази захиравӣ вохӯрии Созмони ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он донишҷӯён ва фаъолони ҳарду ҷониб ширкат доштанд. Сухани ифтитоҳиро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назари Ҳомидҷон Темур ва Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бабаев Алишер Мамажанович оғоз бахшиданд.

Для тих, хто має борги, доступний кредит із простроченнями. Це шанс отримати фінансову підтримку навіть тоді, коли інші установи відмовляють. Сервіс створений для допомоги у складних ситуаціях і дає можливість виправити фінансове становище поступово та без зайвих формальностей.

on 18 июли 2023
Назарҳо: 421

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург ба диққати ҳамватанон мерасонад, ки аз 01 августи соли 2023 фаъолияти кории худро дар бинои нав, воқеъ дар кучаи (Черняховского 63-65) назди метрои (Лиговский) оғоз менамояд.

Enthusiasts often explore the best casino games online in India, ranging from themed slot machines to poker, blackjack, and live roulette. Indian-friendly casinos host titles from top developers, ensuring fair outcomes and engaging gameplay. With added perks like tournaments and bonuses, these games provide both excitement and real opportunities to win.

on 12 июли 2023
Назарҳо: 413

Санаи 11.07.2023 тариқи маҷозӣ маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Los préstamos sin nómina ofrecen una oportunidad a quienes no cuentan con un ingreso fijo registrado. Esto beneficia a estudiantes, freelancers y pequeños emprendedores. Así, más personas pueden acceder al financiamiento cuando lo necesitan.

on 06 июли 2023
Назарҳо: 573

6 июли соли 2023 дар Сарраёсати хадамоти федеролии иҷрочиёни судӣ дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Назарӣ бо муовини сардори Сарраёсати иҷрочиёни суди Санкт-Петербург Кашина К.А. ва дигар мусъулини ниҳоди мазкур баргузор гардид.

on 29 июни 2023
Назарҳо: 466

21-23 июни соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург 7-умин Форуми байналмилалии Невский - 2023 таҳти унвони «Нақши Россия дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ: мушкилот, имкониятҳо, дурнамо, қарорҳои идоракунӣ» ва нишасти навбатии Иттиҳодияи минтақавии академияҳои идоракунии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

on 26 июни 2023
Назарҳо: 498

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Шуморо бо муносибати 26-мин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва фарорасии Иди саиди Қурбон самимона шодбошу муборакбод мегуяд.

Для тих, хто не хоче відповідати на зайві дзвінки, існує можливість отримати гроші без дзвінків. Весь процес оформлення відбувається онлайн, а рішення приймається автоматично. Це особливо зручно, коли кошти потрібні негайно.

on 19 июни 2023
Назарҳо: 522

Аз 14 то 17 июни соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми иқтисодии байналмилалии Петербург - 2023 баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори генералии ҶДММ “Авесто гурӯҳ” ширкат варзиданд.

on 16 июни 2023
Назарҳо: 527

Ба маълумоти ҳар як шаҳрванд расонида мешавад, ки бинобар сабаби шурӯъ шудани мавсими шиноварӣ дар минтақаи иқомат аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед. Дар ҷойҳои манъшуда аз шиноварӣ даст кашед. Танҳо дар мавзеҳои расман иҷозат дода шуда оббозӣ намоед.

on 09 июни 2023
Назарҳо: 440

7 июн мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ бо муфтӣ Шайх Равил-ҳазрат Панчеев дар қароргоҳи Идораи динии мусулмонони Санкт-Петербург ва минтақаи шимолу ғарбии Русия баргузор шуд.

on 06 июни 2023
Назарҳо: 454

Санаи 5 июни соли ҷорӣ кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург ҷиҳати шиносоӣ аз кору фаъолият ва рузғори ҳамватанон дар бинои “Лахта-центр бо роҳбарияти ширкати сохтмонии “Прайдекс” мулоқот анҷом доданд.

on 26 майи 2023
Назарҳо: 432

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисоди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербург Консули генралӣ дар якҷояги бо роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург аз корхонаи маҷмааи чопи “Девиз” дидан намуда барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ибрози назар намуданд.

on 16 майи 2023
Назарҳо: 506

Аз 11 то 13 май соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири адлия, Раиси Суди иқтисодӣ, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

on 10 майи 2023
Назарҳо: 472

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо кормандон 8-9 майи соли равон дар як қатор чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ғалаба” иштирок намуда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди мазори ёдгории Пискарёв (қабристони дастаҷамъии шаҳидони муҳосираи Ленинград) ва нимпайкараи қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамватанамон Тӯйчӣ Эрҷигитов (шаҳри Любан) гулчанбар гузоштанд.

on 01 майи 2023
Назарҳо: 339

28 апрели соли ҷорӣ дар “Хонаи миллатҳо” вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

on 27 апрели 2023
Назарҳо: 417

24 апрели соли ҷорӣ Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни тоҷик “МОСТ” дар осорхонаи “Арктика ва Антарктика”-и шаҳри Санкт-Петербург ҷалассаи коршиносон дар мавзӯи «Тоҷикистон - СҲШ: ташаббуси об ба ифтихори эълони "2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо"», ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи якдилона кабул карда шуд баргузор гардид.

on 24 апрели 2023
Назарҳо: 420

20 апрели соли ҷорӣ дар Санкт-Петербург бо ташаббуси Клуби дӯстии байни миллатҳои Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Руссия озмуни либосҳои миллии фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон “EthnoStyle” баргузор гардид.

on 20 апрели 2023
Назарҳо: 415

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-18 апрели соли ҷорӣ Консули генералӣ Хомидҷон Назарӣ бо роҳбари корхонаҳои “Констрактор Рус” Алексей Борзенко ва “Слотекс” Любов Хитрова мулоқот анҷом дода барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ибрози назар намуданд.

on 17 апрели 2023
Назарҳо: 442

13 апрели соли 2023 дар Қасри Таврический - қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ Санкт-Петербург, ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

on 11 апрели 2023
Назарҳо: 432

6-8 апрели соли ҷорӣ дар театри “Балтийский дом” маросими ифтитоҳи расмии «Санкт-Петербург – пойтахти фарҳангии ИДМ 2023» бо барномаи консертӣ ва намоиши театрҳои кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

on 07 апрели 2023
Назарҳо: 334

Барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо минтақаҳои шимолу ғарбии Россия ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 4 ва 5 апрели соли ҷорӣ сафарҳои кории Консули генералӣ ба вилояти Ленингради Федератсияи Россия анҷом гирифта, бо роҳбарони корхонаҳои бузургӣ ин минтақа «ТУБ ПЛАСТ» Комольцев Андрей Николаевич ва «ГОТЭК” Бородин Сергей Александрович вохӯрию мулоқотҳо баргузор гардиданд.

on 06 апрели 2023
Назарҳо: 331
1 апрели соли ҷорӣ дар “Хонаи миллатҳо” вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.
on 03 апрели 2023
Назарҳо: 325

1 апрели соли ҷорӣ бори навбатӣ кормандони масъули муассисаи консулӣ ҳамроҳ бо шаҳрвандони фаъол ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ №1 (машҳур бо исми Боздоштгоҳи Красное село) ташриф оварда, бо роҳбарияти марказ ва шаҳрвандони тоҷикистонии боздоштшуда вохӯрӣ намуда, аз шарту шароити будубоши шаҳрвандон дидан намуданд.

on 29 март 2023
Назарҳо: 351

15 март дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – Қасри Таврический, ки маъмулан яке аз маконҳои форум ба ҳисоб меравад VII-мин Форуми меҳнати Санкт-Петербург дар мавзӯи «Танзими равандҳои муҳоҷирати байналмилалӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ» баргузор гардид.

on 21 март 2023
Назарҳо: 417

17 март бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар Хонаи ҷавонон барномаи фарҳангию фароғатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

on 16 март 2023
Назарҳо: 356

14 марти соли 2023 дар шаҳраки Сосновий Бори вилояти Ленинград вохӯрии Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ бо соҳибкорони фаъол, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики минтақаи мазкур баргузор гардид.