7-умин Форуми байналмилалии Невский 2023.

on 29 июни 2023
Назарҳо: 278

21-23 июни соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург 7-умин Форуми байналмилалии Невский - 2023 таҳти унвони «Нақши Россия дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ: мушкилот, имкониятҳо, дурнамо, қарорҳои идоракунӣ» ва нишасти навбатии Иттиҳодияи минтақавии академияҳои идоракунии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва намояндаи Консулгарии генералӣ муаррифӣ намуда, дар нишастҳои пленарӣ иштирок ва вобаста ба мавзӯъҳо мубодилаи афкор намуданд.

IMG 20230626 WA0016

 IMG 20230626 WA0015