Аз 11 то 13 май соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири адлия, Раиси Суди иқтисодӣ, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ба ин ҳайат инчунин судяҳои судӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург шомил буданд.
Форуми мазкур дар “Конгресс холл”баргузор гардида, вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ширкат варзида, дар мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти ҷалассаҳои сатҳи олӣ ва пленарӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда аз мавқеъ ва таҷрибаи кишварамон ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд. Инчунин дар идомаи Форум бо Вазири адлияи Федерацияи Россия вохӯрии судманд доир намуд.