Ҳайати Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

on 09 августи 2023
Назарҳо: 331

7 августи соли ҷорӣ дар бинои намояндагии дипломатӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Латифзода Асрор – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Консули генералӣ ва ҳайати кормандони намояндагӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти шимолӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва риояи қонунҳои кишвари иқомат баррасӣ карда шуд.

Худи ҳамон рӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори шуъбаи ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград – Колотушкин М.А. оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ибрози назар намуданд.

2

3

 

4

5