24 январи соли 2024 дар Ҳукумати вилояти Ленингради Федератсияи Россия вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо роҳбари Кумитаи робитаҳои берунаи вилояти Ленинград Коновалов О.А. доир гардид.
Дар зимн ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи тавсеи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сайёҳӣ мароқ зоҳир карданд.
Ҳамчунин дигар масоил мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.