Дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон, 25 ноябр вохӯрию мулоқоти ҳайти мазкур бо шаҳрвандону муҳоҷирон дар масҷиди “Садовый”, бо роҳбар ва аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсози тоҷик, роҳбарони диаспораҳои тоҷик ва донишҷӯён дар “Хонаи миллатҳо” баргузор гардид.
Зимнан Абдуқодирзода С. аз сиёсати давлатии ҷумҳурӣ дар соҳаи дин, суистифодаи дин барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ сухан ронда барои пайгирӣ намудан аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳид будан ва хиёнат накардан ба халқу миллати худ даъват ба амал овард. Дар навбати худ иштирокчиён ташрифи меҳмонони олиқадрро хайрмақдам гуфта, барои суҳбатҳои пурмуҳтаво ва пандомез минадорӣ изҳор намуданд.