Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Шуморо бахшида ба 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.
Ин рӯз барои мардуми шарафманди мо рӯзи қудрат ва тавоноии давлати тоҷикон, муҳаббат ва садоқат ба Ватани худ, қобилияти ҳифз ва пуштибони оилаҳояшро ифода мекунад. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи сулҳу субот намоем ва дар обод намудани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Бори дигар Шуморо ба ифтихори ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрик намуда, бароятон хушбахтӣ, некномӣ, сарбаландиву саодат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоем.