13 сентябри соли ҷорӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ. Назарӣ дар 2-мин Форуми байналмилалии динӣ бахшида ба нақши арзишҳои маънавию ахлоқии динҳои анъанавӣ, рушди муколлама байни динҳо ва миллатҳо дар ҷаҳони муосир иштирок намуд.
Дар форуми мазкур роҳбари вилояти Ленинград, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳайатҳои Давлати Қатар, Подшоҳии Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Яман ва дигар намояндагони давлатҳои хориҷа ширкат варзиданд.