Вохурӣ дар Муассисаи давлатии автономии фарҳангии вилояти Ленинград "Маркази байналмилалии барқарорсозӣ"

on 02 феврали 2024
Назарҳо: 154

1 феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии автономии фарҳангии вилояти Ленинград "Маркази байналмилалии барқарорсозӣ" вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо  роҳбари марказ Черняева Т.С. доир гардид. Инчунин, дар мулоқот сардори Кумитаи робитаҳои берунаи вилояти Ленинград Коновалов О.А. ва муовини сардори Кумита оид ба муҳофизати мероси фарҳангии вилояти Ленинград Губинская К.Ю. ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо дурнамои рушди робитаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи тавсеаи бештари ҳамкориҳои фарҳангӣ, хусусан дар барқарорсозии мероси таърихӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар зимн Консули генералӣ аз марказ дидан намуда, бо мутахассисони барқарорсози касбӣ суҳбатҳо анҷом дод ва бо маҳорати дастӣ онҳо аз наздик шинос гардид.

2

3