1 апрели соли ҷорӣ дар “Хонаи миллатҳо” вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

on 06 апрели 2023
Назарҳо: 231
1 апрели соли ҷорӣ дар “Хонаи миллатҳо” вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.
 
Консули генералӣ ба ҳозирин оид ба корҳои анҷомдодашуда барои густариши ҳамкориҳо бо ҳукуматҳои Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ва равнақ додани муносибатҳои иқтисодӣ бо ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ маърӯза намуд.
 
Дар вохӯрии мазкур ҳисоботи семоҳаи фаъолияти диаспораҳои тоҷикони Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград шунида шуда, барои таҷлили Рӯзи Ғалаба дар шаҳраки Любани вилояти Ленинград барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанговар Туйчӣ Эрҷигитов вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар фарҷом Ҳ.Назарӣ аз аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург даъват ба амал овард, ки байни шаҳрвандон ташвиқу тарғиб, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хусуси риояи қонунҳои будубош, урфу одат ва худдорӣ намудан аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, бештар ба роҳ монда шавад.