VIII-мин Форуми байналмилалии меҳнати Санкт-Петербург

on 21 феврали 2024
Назарҳо: 440

20 феврали соли 2024 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қасри Таврический дар ҳошияи VIII-мин Форуми байналмилалии меҳнати Санкт-Петербург Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Консепсияи фазои ягонаи муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ: принсипҳои умумӣ ва манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид.

Дар конфронс вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои ИДМ, олимон, сиёсатмадорон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи муҳоҷират иштирок доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронс масъулони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург намояндагӣ карданд. Инчунин, дар чорабинии мазкур ба таври маҷозӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ роҷеъ ба мушкилиҳо ва дурнамои танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.