27 январи соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар кори он масъулин аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санк

on 03 феврали 2023
Назарҳо: 257

27 январи соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар кори он масъулин аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ҳамроҳ бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикони ҳавзаи фаъолият иштирок намуданд.

Зимни баромади худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳ дода, аз дастовардҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ, рушду равнақи ҳамкориҳоии дӯстонаи Тоҷикистону Россия, корҳои анҷомдодашуда дар Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ёдовар шуд.

Ҳамчунин, ҳисоботҳои консулони генералӣ, масъулини муассисаҳои консулӣ ва роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон шунида шуд.