Сафари Раиси вилояти Суғд ба Санкт-Петербург

on 04 декабри 2023
Назарҳо: 213

 Аз 2 то 4 декабри соли ҷорӣ ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади анҷом додани мулоқотҳои судманд бо соҳибкорони минтақа ба Санкт-Петербург сафари корӣ анҷом доданд.

  Дар ин муддат ҳайат бо соҳибкорони пешрафтаи минтақаи шимолу-ғарб вохурӣ намуда аз имкониятҳои вилоят ва лоиҳаҳои амалишуда дар соҳаҳои иқтисод, саноати сабук, металлургия, коркади маҳсулоти заргарӣ, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ ва моҳипарварӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Дар навбати худ ширкатҳо ва корхонаҳои рус омодагиашонро барои ҳамкорӣ  изҳор намуданд.  

2

3

4

5