28 апрели соли ҷорӣ дар “Хонаи миллатҳо” вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини сардори раёсати кор бо диаспораҳо ва шаҳрвандони бурунмарзии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсатуллозода Парвиз ширкат варзида, роҷеъ ба татбиқ ва амалӣ гардидани Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар маърӯза намуд.
Зимнан масъалаи таҷлили Рӯзи Ғалаба дар маҳалли иқомат баррасӣ гардид ва тасмим гирифта шуд, ки барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанговар Туйчӣ Эрҷигитов дар назди нимпайкараи ӯ дар шаҳраки Любани вилояти Ленинград бо иштироки намояндагони муассисаи консулӣ, диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва шаҳрвандони фаъол маросими гулҷанбаргузорӣ ташкил карда шавад.
Ҳамчунин, Ҳ.Назарӣ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки байни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хусуси риояи қонунҳои будубош, урфу одат ва худдорӣ намудан аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, бештар ба роҳ монда шавад.