Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Санкт-Петербург.

on 21 март 2023
Назарҳо: 195

17 март бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар Хонаи ҷавонон барномаи фарҳангию фароғатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Пеш аз баргузории барномаи консертӣ ба меҳмонони ҷашн намоишгоҳи «7 сину 7 шин», ки суннати Наврӯз аст ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардид.


Дар чорабинии мазкур Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Назари Хомидҷон сухани ифтитоҳиро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имрӯз дар рӯҳияи баланди идона таҷлил гардида истодааст, самимона табрику шодбошӣ намуд.Ҳамзамон Консули генералӣ иброз дошт, ки бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати Наврӯз ҳамчун маҳбубтарин ҷашн, анъана ва русуми миллӣ касб намуд, ки бе восита бо кӯшишу заҳмат ва ибтикору ташаббусҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳа ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро пайдо кард.

Дар ин ҷашн ҳамчунин намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, Намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикони Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо бозиҳои миллӣ ва сюжетҳо оид ба таърихи Наврӯз, рақсҳои дастаҷамъона (тоҷикӣ, ҳиндӣ, осетинӣ, доғистонӣ, бошқирдӣ), ашъори классикони тоҷик, сурудҳо ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ сурат гирифт.

Дар фарҷоми барнома ба иштирокчиён аз номи Консули генералӣ сипосномаҳо супорида шуд.

image 20 03 23 08 01 8

image 20 03 23 08 01 8

image 20 03 23 08 01 8

image 20 03 23 08 01 8

IMG 20230320 WA0059

image 20 03 23 08 01 13

image 20 03 23 08 01 15

image 20 03 23 08 01 10

image 20 03 23 08 01 11

image 20 03 23 08 01 11

image 20 03 23 08 01 14

image 20 03 23 08 01 9

image 20 03 23 08 01 7

image 20 03 23 08 01 4

image 20 03 23 08 01 3

image 20 03 23 08 01 1

image 20 03 23 08 01

image 20 03 23 08 01 5