01 марти соли ҷорӣ бахшида ба гиромидошти ҳамватани тоҷик Қаҳрамони Иттифоқи Совети Туйчи Эрҷигитов дар шаҳри Любан бозии дӯстонаи футбол миёни кормандони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҳокимияти шаҳри Любани вилояти Ленинград дар клуби фитнес-саломатии «Пенедельник 94» баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки бозӣ бо ҳисоби 8:8 анҷом ёфта, дар охир дустӣ ғалаба кард.
Дар охири бозӣ ба иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, зиёфат ороста гардид.