Шоми назми тоҷик дар Санкт-Петербург

on 14 феврали 2023
Назарҳо: 400

11 феврали соли ҷорӣ дар хонаи миллатҳои Санкт-Петербург чорабинии фарҳангию маърифатӣ «Шоми назми тоҷик» бо иштироки тоҷикони муқим, олимону донишмандон, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯёни фаъол, инчунин намояндагони сохторҳои давлатии Санкт-Петербург ва дӯстдорони назми тоҷик баргузор гардид.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ зимни баромад минатдории худро ба роҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикистониёни Санкт-Петербург “Аҷам” Усмонов Мурод Абдуллоевич барои ташкили чорабинӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳанги миллат баён намуда, оид ба назми форсу тоҷик ва таъсири он ба кулли ашъори ҷаҳон суханронӣ намуд.

Ба ҳозирин шеъру сурудҳо аз эҷодиёти шоирони бузурги тоҷик қироат карда шуд. Ҳамчунин, донишҷӯёни руси факултаҳои филология ва шарқшиносӣ аз ашъори меросии классикони форсу-тоҷик маърӯза карданд.

2

2

2

2

2

2

2

2

2

2

2