Рӯзи 15 феврали соли 2020 дар бинои муассисаи консулӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо шаҳрвандон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамватаноне, ки дар кишвари иқомат ба сар мебаранд, аз ҷумлаи роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фаъолони диаспора, соҳибкорон ва донишҷӯён иштирок карданд
Ба диққати ҳамватанони муқими шаҳри СанктПетербург расонида мешавад, ки дар назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург курсҳои омӯзишии забони тоҷикӣ, барои фарзандони сини мактабии онҳо, ташкил карда мешаванд.
Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашнии ин чорабиниро интихоб карданд.
Шоми 19 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи сафари корӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.
24 ноябри соли 2019 дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид. Дар чорабинӣ, ҳамватанони муқими кишвари иқомат аз ҷумлаи аъзоёни шӯрои ҷавонони Тоҷикистон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳузур доштанд.
12 ноябри соли 2019 дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид. Дар чорабинӣ аъзоёни “Клуби дӯстони Тоҷикистон”, ҳамватанони муқими кишвари иқомат аз ҷумлаи аҳли илму фарҳанг, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.
Дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Клуби дӯстони Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар ҷамъомаде, ки дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму фарҳанг ва ширкатҳои тиҷоратӣ ҷамъ омада, дар бораи таъсис додани клуб ва боз ҳам устувор кардани дӯстию ҳамкории байни Тоҷикистону Россия сухан гуфтанд.
27 июни соли 2019 дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона доир гардид. Дар чорабинӣ ҳамватанони муқими кишвари иқомат аз ҷумлаи аҳли илму фарҳанг, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.
11-12 апрели соли 2019 года сафари Кинсули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода ба вилояти Псков баргузор гардид.
20 марти соли 2019 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо сардори Нозироти давлатии меҳнат дар ш.Санкт-Петербург Александр Котов баргузор гардид.
Рӯзи 13 марти соли 2019 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ва Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
26 январи соли 2019 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода дар маросими тантанавӣ-мотамии гузоштани гул ва гулчанбарҳо ба муносибати 75-солагии озод намудани Ленинград аз муҳосираи фашистӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қабристони ёдгории Пискарёв баргузор шуд, иштирок намуд.
Рӯзи 11 январи соли 2019 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлатали Назризода бо муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва роҳбари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода баргузор шуд.
Рӯзи 29 декабри соли 2018 дар бинои Конулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба Соли нави 2019 ҷамъомади ҷашнӣ баргузор шуд.
Рӯзҳои 10-12 декабри соли 2018 Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дошт. Сафари мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ташкил карда шуд.
11 октябри соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Тоҷикистон вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлатали Назризода бо Консули генералии Ҷумҳурии Туркия дар Санкт-Петербург Юнус Белет баргузор гардид.
Рӯзи 8 октябри соли 2018 дар доираи “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия” дар Театри калони драмавии ба номи Г.А.Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург бо дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург консерти устодони санъат ва ҷавонони болаёқат ва намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Рӯзи 15 сентябри соли 2018 бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад қариб 100 нафар, аз ҷумлаи намояндагони доираҳои илмию эҷодии интеллигенсия, диаспораи тоҷик, донишҷӯён ва дигар меҳмонон иштирок карданд. Дар баромади худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода оид ба таърихи 27-солаи ҷумҳурӣ маълумот дода, ба дастовардҳои кишвар дар давоми ин солҳо баҳои баланд дод. Қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии халқ сулҳ барқарор карда шуда, тариқи ислоҳотҳо рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба роҳ монда шуд. Д.Назризода таъкид намуд, ки муттаҳидии сокинони Тоҷикистон яке аз гаравҳои асосии дастовардҳои кишвар мебошад. Ӯ ҳозиринро бо ид табрик намуда даъват кард, ки муттаҳид бошанд ва дар кишвари иқомат ҳамдигарро дастгирӣ намоянд.
Меҳмонони даъватшуда низ бо суханони табрикӣ баромадҳо намуданд. Ҷамъомади ҷашнӣ бо баромади ҳунарии донишҷӯён, ки дар Пойтахти шимолии Россия таҳсил мекунанд идома ёфт. Бо ба анҷом расидани қисми расмии ҷамъомад барои иштирокчиён дастурхон ороста шуд ва таъомҳои миллӣ пешниҳод карда шуданд.
29-31 июли соли 2018 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода ба Мурманск доир гардид.
13 июли соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода бо намояндагони диаспораи тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.
12-13 июли соли 2018 дар доираи баргузории Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург сафари ҳайати шаҳри Душанбе бо сарварии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба пойтахти шимолии Россия баргузор гардид.
12 июл ҳайати Душанбе бо ноиби губернатори Санкт-Петербург Сергей Николаевич Мовчан вохӯрд. Дар гуфтушунидҳо бо роҳбарияти Санкт-Петербург маҷмӯи васеи масъалаҳои рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти сиёсати муҳоҷират, меҳнат ва шуғл, дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, роҳандозии бештари забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ, инчунин рушди минбаъдаи робитаҳои ду бародаршаҳр - Душанбе ва Санкт-Петербург баррасӣ шуданд. «Санкт-Петербург ва Душанбе ҳамеша робитаи бисёр хуб доштанд, ки дар анъанаҳои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд» - қайд кард М. Зувайдзода. Оид ба натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории самаранок ва татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои барои ҳарду ҷониб судманд изҳори умедворӣ намуданд.
Худи ҳамон рӯз дар Маркази рушд ва дастгирии соҳибкории Санкт-Петербург ҷаласаи мизи гирд дар мавзӯи «Таъмини зисти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург» баргузор шуд. Дар он муовини раиси кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Петр Тишенко, ба сифати модератор - директори Маркази захираҳои меҳнатии шаҳр Алексей Чистяков суханронӣ карданд. Дар рафти кори мизҳои мудаввар тамоси намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиӣ ва соҳибкории Санкт-Петербург ва Душанбе роҳандозӣ шуда, самтҳои ҳамкориҳои минбаъда мушаххас гардиданд.
Субҳи рӯзи дигар - 13 июл ҳайати шаҳри Душанбе ба қабристони ёдгории Пискарёв рафт, ки дар он ҷо бо иштироки он маросими гузоштани гулчанбар ва гулҳо дар пояи ёдгории «Ватан-Модар» («Родина-Мать»), инчунин тахтасанги ёдгорӣ бахшида ба ҷанговарони тоҷикистонӣ, ки ҳангоми ҳифзи Ленингради муҳосирашуда ҷон бохтаанд, баргузор шуд. Ҳамчунин ҳайат аз осорхонаи Қабристони ёдгории Пискарёв дидан карда, раҳбари ҳайти Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дар китоби меҳмонони фахрӣ имзо гузошт.
Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯриҳои Маҳмадсаид Зувайдзода бо Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода, инчунин бо диаспораи тоҷики муқими Санкт-Петербург доир гардиданд. М.Зувайдзода арзу хоҳиши ҳамватанонро шунида, ба саволҳои онҳо посух дод.
Ҳамчунин дар доираи кор дар чаҳорчӯбаи барномаи соҳавӣ он рӯз аъзои ҳайат аз корхонаҳои нақлиётии Санкт-Петербург, иншоотҳои сохтмони манзил, яке аз марказҳои тибии шаҳр ва Корхонаи воҳиди давлатии "Водоканал Санкт-Петербурга", дидан карданд, роҷеъ ба пешомадҳои ҳамкориҳо дар ин самтҳо гуфтушунидҳо баргузор шуданд.
Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург бо консерти идона дар театри мусиқии камеравии «Санктъ-Петербург опера» анҷом ёфтанд. Дар консерт ҳунарпешагони намоёни Театри опера ва балете ба номи Садриддин Айнӣ, ҳунарпешагони балет Муҳаммад Азимзода ва Фарангис Қосимова, овозхонҳои операвӣ Шарофат Усмонова ва Амирҷон Рӯзиев, пианинонавоз Рафоат Шоазимова и овозхони эстрадӣ Зафар Абдуалимов баромад карданд. Меҳмонон аз Душанбе ба ҷомеаи муқимӣ беш аз 10 порчаи намоишномаҳои классики, аз ҷумла, аз балети оҳангсози тоҷик Шуҳрат Ашуровро пешкаш намуданд.
Оид ба натиҷаҳои чорабиниҳо дар бораи гузаронидани миссияи фарҳангии Санкт-Петербург дар Душанбе дар моҳи октябри соли 2018 мувофиқа ҳосил шуд.
Рӯзи 27 июни соли 2018 дар бинои Конулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъомади ҷашнӣ баргузор шуд.
26 июни соли 2018 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо раиси кумитаи фарҳанги вилояти Ленинград Евгений Валеревич Чайковский баргузор гардид.
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
1 июни соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода аз Муассисаи давлатии буҷавии хизматрасонии иҷтимоии паноҳгоҳи кудаконаи “Транзит”-и ш. Санкт-Петербург боздид ба амал овард.
31 майи соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода бо Ректори Донишкадаи Смолнийи Академияи маорифи Россия Виктор Прокопевич Казантсев баргузор гардид.
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
23 майи соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо ибтикори Шӯрои ҷавонони Тоҷикистон ва дастгирии муассисаи консулӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Рӯзи 20 майи соли 2018 дар бинои муассисаи консулӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Давлаталӣ Назризода бо соҳибкорони тоҷики муқими Санкт-Петербург баргузор гардид.
9 майи соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо ҳамроҳии кормандони муассисаи консулӣ дар ҷамъомади ботантана бахшида ба 73-юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар назди ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Туйчи Эрйигитов дар шаҳри Любани вилояти Ленинград иштирок кард.
Рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва бо мусоидати Давлати Қатар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро баргузор намуд.
8 майи соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо ҳамроҳии кормандони муассисаи консулӣ дар маросими ботантана-мотамии гузоштани гул ва гулчанбарҳо ба муносибати 73-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қабристони ёдгории Пискарёв иштирок намуд.
Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!
4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.
30 марти соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд. Дар ҷамъомад вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ҳамватанони муқими Санкт-Петербург аз ҷумлаи роҳбарону аъзоёни ҷамъиятҳои тоҷикон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.
24 марти соли 2018 бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик дар тарабхонаи “Bravo Loudes" Рӯзи байналмилалии Наврӯз ботантана ҷашн гирифта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
10 феврали соли 2018 дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии зиёиёни эҷодкори тоҷик бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи 16 ноябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин
14 ноябри соли 2017 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо сардори Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Сарраёсати ВКД Россия оид ба ш.Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Владимир Минченко баргузор гардид.
30 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 июли соли 2017 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо намояндагони диаспораи тоҷики муқими Санкт-Петербург дар қаҳвахонаи «Баҳористон» вохӯрд.
11 июли соли 2017 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо муовини прокурори ш.Санкт-Петербург Игор Резонов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Консулгарии генералӣ бо прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург роҷеъ ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуданд.
10 майи соли 2017 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Ленинград Алексей Бритсун баргузор гардид.