15-18 июни соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид дар 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ширкат варзид.

on 23 июни 2022
Назарҳо: 98

15-18 июни соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид дар 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ширкат варзид.

Ба ин ҳайат инчунин вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд.

Дар рафти чорабинӣ ҳайат бо кори форум ва павилионҳои гуногун шинос шуда, инчунин бо ҳамтоёни худ ва ширкату корхонаҳои калон вохӯриҳои судманд доир намуданд.