Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР И.Сатторов бо губернатори вилояти Калининград вохӯрд

on 10 ноябри 2017
Назарҳо: 704

10 ноябри соли 2017 дар ҳукумати вилояти Калининград вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Губернатори вилояти Калининград Антон Алиханов баргузор гардид.
Дар рафти суҳбати созанда ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати имрӯзаи робитаи тарафҳоро баррасӣ намуда, роҷеъ ба дурнамои ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо, мисли илм, маориф, савдо, сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ табодули назар намуданд. Зикр гардид, ки гардиши берунии мол байни вилояти Калининград ва Тоҷикистон дар соли 2016 қариб шаш миллион долларро ташкил дод. Асосан ин маводи озуқа ва ашёи хоми кишоварзӣ мебошад. Сафири Тоҷикистон И.Сатторов қайд кард, ки вилояти Калининград дорои зарфияти калони иқтисодӣ аст ва Тоҷикистон ният дорад ҳамкориро бо минтақаҳо рушд бахшида, ҳаҷми робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро афзоиш бахшад.
Губернатори вилояти Калининград А.Алиханов бандари Калининградро барои гардиши борҳои Тоҷикистон зарур дониста, зикр кар, ки аз нигоҳи логистикӣ ин ҷо иқтидорҳои ҷалбнашуда ҳастанд ва онҳоро истифода бурдан мумкин аст.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки аз қабили густариши зарфияти сайёҳӣ, амалисозии лоиҳаҳои фарҳангӣ ва ташкили сафари соҳибкорон, рушди нақлиёти ҳавоӣ ва ҷалби сармоя самтҳои зиёди ҳамкорӣ мавҷуданд.
Худи ҳамон рӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Сатторов бо Роҳбари минтақаи шаҳрии «Шаҳри Калининград» Александр Ярошук вохӯрӣ анҷом дод. А.Ярошук ба Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба рушди иқтисодии шаҳри Калининград ва зарфияти минтақа, ки онро барои таъмиқи ҳамкории байниминтақавӣ ҷалб кардан мумкин аст, маълумот дод.
Дар рафти суҳбат доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ-таҳсилотӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодӣ табодули назар сурат гирифт.
Дар вохӯриҳои зикршуда Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода, Роҳбари Намояндагии Вазорати муҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Зоҳир Мирзоев иштирок карданд.