Дар бинои хонаи миллатҳо “Дом национальностей” вохӯрии намояндагони муассисаи консулӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ диаспораҳои тоҷик, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.  

on 28 феврали 2022
Назарҳо: 170

Дар бинои хонаи миллатҳо “Дом национальностей” вохӯрии намояндагони муассисаи консулӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ диаспораҳои тоҷик, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.  

Роҳбари Консулгарии генералӣ Ҳ.Назарӣ ба иштирокчиён оид ба нақши тақдирсози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд ва даъват ба амал овард, ки бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Россия чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор намоем.

Дар нишаст атрофи гузаронидани чорабиниҳои дар пешистодаи фарҳангӣ, варзишӣ ва илмӣ, хусусан таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Санкт-Петербург, сӯҳбат ороста шуд.

Ҳ. Назарӣ ба саҳми иштирокчиён расонид, ки рӯзҳои охир дар якқатор хиёбонҳои Санкт-Петербург ҷамъомадҳои ғайрирасмӣ нисбати ҳодисаҳои Украина гузашта истодаанд. Вобаста ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш шуд, ки аз иштирок дар чунин чорабиниҳо худдорӣ намоянд.

image1

image2