18-19 октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Санкт-Петербург машваратҳои коршиносон бо иштироки доираи васеи мутахассисон аз кишварҳои аъзо баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа вакили Маҷлиси миллӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва масъулни муассисаи консулӣ муаррифӣ намуда, дар корӣ он ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаҳо масъалаҳои мубрами рӯз, хусусан ҳолати сиёсию ҳарбӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба СААД, вазъ дар сарҳадҳои кишварҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои узви СААД дар бахшҳои амният, киберамният ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.