Вохурии корӣ дар намояндагии ВКХ ФР дар Санкт-Петербург

on 01 декабри 2023
Назарҳо: 111

28 ноябри соли равон дар Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия мулоқоти корӣ байни роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо кормандони муассисаҳои консулии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқваронкунӣ миёни шаҳрвандони кишварҳои ИДМ муҳокима гардид.