Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо кормандон 8-9 майи соли равон дар як қатор чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ғалаба” иштирок намуда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди мазори ёдгории Пискарёв (қабристони дастаҷамъии шаҳидони муҳосираи Ленинград) ва нимпайкараи қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамватанамон Тӯйчӣ Эрҷигитов (шаҳри Любан) гулчанбар гузоштанд.
Инчунин дар деҳаи Болшое Исаковои ш. Калининград, дар назди ёдгории сарбозон, иштирокчиёни озодкунии Пруссияи Шарқӣ, бахшида ба Рӯзи Ғалаба маросими ёдбуд ва гулгузорӣ баргузор гардид, ки дар он диаспораи тоҷикон низ иштирок намуданд.