Барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноати дорусозӣ бо минтақаҳои шимолу ғарбии Россия 14 марти соли 2024 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо роҳбари ширкати дорусозӣ «MELIGEN» Платонова И.Г. баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштараки дорусозии тоҷикию русӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва роҳҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳо баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дигар масоилҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.